Дили сад чок агар дасти зи тан барме дошт

Роҳ чун шона дар он зулф мънбр ме дошт

Он ки гирён ба сари хок ман омад чун шамъ

Кош дар зиндагӣ аз хоки маро барме дошт

Дил бе ҳавсилаи саршори з май ме гардид

Чун сабуи дасти талабгар ба таҳ сар ме дошт

наметавонистам азон лаб , даҳанӣ ширин кард

Хол агар чашм азон кунҷи даҳан барме дошт

Гар ба ҳамёни зар афзӯда шудӣ тӯли ҳаёт

Зиндагӣ беш зи дарвеш , тавонгар ме дошт

Агар ойӣна наме буд зи равшани гуҳарон

Ки чароғӣ ба сари хок Сикандар медошт ?

Сӯратӣ дошт фикандан ба замини ҳарфи маро

Агар он оинаи рӯи тӯтӣ дигар ме дошт

Натавон кунад дил аз сӯрати ширин , вар на

Кӯҳро нолаи Фарҳоди зи ҷо барме дошт

Ҳамаро дар сару кори ту ба рағбат ме кард

Соиби длшдаҳгар сад дил дигар ме дошт