Пушти ойӣна буд пардаи мастурии зишт

Зоҳид аз каъбаи ҳамон ба ки наёяд ба кунишат

Ахтари мо зи сияҳи рӯзии толеъ доғ аст

Дида шӯр хӯрд хӯни ҷигар аз рухи зишт

Ишқи трдсти ту деҳқон ғарибӣаст ки тухм

То нашуд сӯхта , дар мазраъ умед накишт

Чанд аз чарх бало зояд ва бардорад хок ?

То кӣ ин ҳомилаи фитна буд бар сари хишт ?

Ҳар ки қолаби тиҳӣ аз ҷилваи қад ту кунад

Рост чун сарв барандаш ба хиёбони биҳишт

Он ки бар хирмани мо сӯхтагон оташ зад

Донаи холи ту бар оташи ёқӯти буришат

Меҳри бардошти зи лаб , субҳ қиёмат хандид

Пардаи афканди зи рух , дар пас дар монад биҳишт

Бетакаллуф , ғазали соиби ширин сухан аст

Ғазалиро ки тавон бо ғазал хоҷа навишт