Ин чаҳ ҳарфаст ки дар олам болост биҳишт ?

Ҳар куҷои вақти хушӣ рӯ диҳад онҷост биҳишт

Бода ҳар ҷо ки буд чашма кавсар нақдаст

Ҳар куҷои сарв қадӣ ҳаст ду болост биҳишт

Дил Ром карда надорад гила аз танҳоӣ

Ки ба ваҳшат задагон доман саҳрост биҳишт

Аз дарун сияҳ туаст ҷаҳон чун дӯзах

Дил агар тира набошад ҳамаи дунёсти биҳишт

Дорад аз хулди туро бе басарӣҳо маҳҷӯб

Варна дар чашму дил пок муҳайёст биҳишт

Ҳаст дар пардаи оташи рухи гулзори халил

Дар дили сӯхтагон анҷуман орост биҳишт

Умри зоҳид ба сар омад ба таманнои биҳишт

Нашуд огоҳ ки дар тарк таманност биҳишт

Соиб аз рӯй биҳиштии сафатон чашм мапуаш

Ки дарин оина бепарда ҳувайдост биҳишт