Хаёли оби маро дар саробҳо андохт
Умеди ганҷи маро дар харобҳо андохт
Агарчӣ ишқ надорад зи ман фусурда тарӣ
Тавон ба синаи гармами кабобҳо андохт
Ба зери бори ғамии ишқ ӯ кашид маро
Ки кӯҳро ба камари печу тобҳо андохт
Агарчӣ шикваи ман аз ҳисоби берун буд
Ба як нигоҳи зи ҳам он ҳисобҳо андохт
зи чашми шӯри мукофот музд хоҳад ёфт
Ситамгарӣ ки намак дар шаробҳо андохт
Агар адаб накунад оҳро ънондорӣ
Тавон зи чеҳраи матлаби ниқобҳо андохт
Макун шитоб барои шукуфтагии зинҳор
Ки барқро зи нафаси ин шитобҳо андохт
Агар ситораи ман сӯхти ишқи ъолмсўз
зи доғ дар ҷигарами офтобҳо андохт
Шуд аз ғурури ибодати забон узр хамӯш
Маро ба роҳи хатои ин савобҳо андохт
Ҳануз лолаи рухи ман зании саворон буд
Ки дар қаламрав дар инқилобҳо андохт
Надошт кор касе бо сапанди ман соиб
Марои зи базми буруни изтиробҳо андохт