Чу хати зи оризи он фитна ҷаҳон бархест

зи сабзаи мӯӣ бар андом гулистон бархест

Бунафша аз дили оташ бурун наёмада аст

Чисони з рӯй ту ин анбарин духон бархест ?

Чунон дар оташи битоқтии фишурдами пой

Ки аз сапанд ба таҳсини ман фиғон бархест

Кадом роҳ зад ин мутриби сабки мизроб ?

Ки ҳуш аз сари ман остин фишон бархест

Забони нолаи булбул чу ғунча печида аст

Дар он чаман ки марои банд аз забон бархест

Чунон хамаш ба гиребони хоки сари барадам

Ки сабзаам зи сари хок безабон бархест

Ба хоки роҳгзор ме тавон баробар шуд

Ба дастгирии мардум наметавон бархест

Далели ҳифз илоҳӣаст ғифлати мардум

Ки тарс аз дили ин гила , аз шубон бархест

зи бозии фалаки огаҳи ним , ҳамин донам

Ки аз канори бисоташ наметавон бархест

Ҳумои зи сояи ман табл мехӯрд соиб

зи баси садои шикастами з устихон бархест