Ҳузур дил набӯд бо ибодатӣ ки марост
Тамом саҷда саҳваст тоъатӣ ки марост
Нафас чигуна барояд з синаам беоҳ ?
зи умри рафта ба ғифлати надоматӣ ки марост
з растхез набошад гуноҳкорон ро
зи худ ҳисобӣ , дар дили қиёматӣ ки марост
Агар ба қадари сафари фикри тӯша бояд кард
Нафас чигуна кунад рост , фурсатӣ ки марост ?
зи доғи гумшудаи фарзанд ҷонгдоз тараст
зи фӯти вақт ба дили доғи ҳасратӣ ки марост
Маро ба олами боло далел хоҳад шуд
Азин ҷаҳони фурӯмоя , ваҳшатӣ ки марост
Ба дили зи хок гаронсанг нест қорун ро
зи хокдони ҷаҳон , гирди кулуфтӣ ки марост
Ба ҳеҷ душмани хунхор , биҷгрро нест
Ба дӯстони забонии адоватӣ ки марост
зи Осиёи гаронсанг , донаро набӯд
зи сайру даври фалакҳо шикоятӣ ки марост
Ба ҳеҷ ҳасан глўсўз нест ошиқ ро
Ба доғҳои ҷигарсӯз , улфатӣ ки марост
Насиби холи зи кунҷи даҳон хубон нест
зи гӯшагирӣ мардуми ҳаловатӣ ки марост
Намӯдааст шукри хобро ба махмали талх
зи хок , бистару болини роҳатӣ ки марост
Саробро зи ҷгртшнгон бодия нест
зи мизбонии мардуми хиҷолатӣ ки марост
Ҳамин басаст ки фориғ з диду водидм
зи даври гардии мардуми кифоятӣ ки марост
Чу кӯтаҳӣ набӯд дар расоеи қисмат
Чаро дароз шавад дасти ҳоҷатӣ ки марост ?
Ба ҳеҷ пер набошад мурӣди содиқ ро
Ба ишқи тозаи ҷавонони иродатӣ ки марост
Ба чашми серума , ҷаҳонро сиёҳ ме созад
зи ёри гӯшаи чашми аноятӣ ки марост
Ба ҳам чу шеру шукр , санг ва шиша ме ҷӯшад
Агар буруни даҳум аз дили муҳаббатӣ ки марост
Ба харҷ кардани авқот чун наварзам бухл ?
Ки посбонӣ вақтаст тоъатӣ ки марост
Даҳони соил агар пар гуҳар кунад чу садаф
з инфеъол шавад об , ҳимматӣ ки марост
Чу ғунчаи сар ба гиребон кашидаам соиб
Насими роҳи наёбад ба хилватӣ ки марост