Хароби ҳолеи мо аз дарозӣ даст аст
з ҳимматаст ки девори мо чунин паст аст
зи навбаҳори ҷаҳони ранги эътидоли мҷўӣ
Ки андалеби туҳидасту ғунча зрмст аст
Дили ту чун гули раънои ду ранг афтода аст
Вагарнаи ҳасани хазону баҳор якдаст аст
Халосии дил азон зулф орзӯӣ хатост
Ки мурғ , бепар ва боласту кӯчаи бен баст аст
Ба зуҳди хушки қаноат наме тавон кардан
Кунун ки ҳар сари хории пиёла дар даст аст
Ҳисоби дайну дил аз мо ба ҳашар агар талабанд
Баҳонае чу сари зулфи ёр дар даст аст
Набаст ғунчаи минқори андалебон ро
Фиғон ки чошнии нӯшханди гул паст аст
Чу ғунчаи сар ба гиребон кашидаам соиб
зи бас ба чашми ман ин сақфи нилгун паст аст