Нишоти олам бе эътибори дргрдст

Чу барқ , хўшдлии рӯзгор дар гирдаст

зи сайри доимии меҳр метавон донист

Ки меҳри олами нопойдор дар гирдаст

Мсози хонаи дарин хокдон бе бунёд

Ки ҳамчуи абр дар ӯ кӯҳсор дар гирдаст

Қарор нест ба як ҷои меҳри тобон ро

Ҳамеша давлати нопойдор дар гирдаст

зи меҳру моҳ тиҳӣ нест косаи гардун

Ҳамеша муҳраи ин бади қимор дар гирдаст

Ба печ ва тоб шавад мунтаҳии кашокаши ҳирс

Ба ганҷ то нарасидааст мор дар гирдаст

Марези ранги иқомати дарин хароби обод

Ки хок чун фалак бемадор дар гирдаст

Баҷост то ҳарами каъба , ҳамчуи қиблаи намо

Даруни синаи дили биқрор дар гирдаст

Бишӯй гирди кудурати зи сафҳаи хотир

Дарин ду ҳафта ки абри баҳор дар гирдаст

Бигир гардани миноу рӯ ба саҳро кун

Ки як ҷаҳони қадаҳ аз лолаи зор дар гирдаст

Ғубор ҳастӣ олам ба гирд чун наравад ?

Чунин ки тавсани он шаҳсавор дар гирдаст

Асари з шуъла ҳастӣ дарин ҷаҳон то ҳаст

Ғаму нишот чу дӯду шарор дар гирдаст

зи восилони тариқати мҷуи қарор ки мавҷ

Ба қулзумӣ ки буд бикнори дргрдст

Ба ғайри косаи дарюза гадоӣ нест

Пиёлае ки дарин рӯзгори дргрдст

Чигуна пой ба домани кашанди ҳақи талабон ?

Ки нақши пои дарин раҳгузор дар гирдаст

Агар чаҳ роҳи талаби тай ба ҷустуҷӯ нашавад

Марои ҳамон дили умедвор дар гирдаст

Мсози барги иқомат дар он чамани соиб

Ки ҳамчуи об дар ӯ ҷӯйбор дар гирдаст