Ба ҳарфи сарди насиҳати завол мо бандаст

Ҳалоки шамъ ба як силӣ сабо бандаст

Дарин муҳӣт ки бояд гирифт сар ба ду даст

Ба ҷамъ кардани асбоб , даст мо бандаст

Дуо кунем ки дар байзаи бол тир шавад

Агар саодати мо дар пар ҳумо бандаст

Чаҳ ҳоҷатаст ба раҳбари худошиносиро ?

Нигоҳ кун сари тори нафас куҷо бандаст

Биё ба манзили мо ин тилисмро башикан

Ки муддатӣаст раҳи кишвар вафо бандаст

зи рақси барги хазони дида метавон донист

Ки барги айш ба сари ришта фано бандаст

Ба ин хушем ки гирди гуноҳи мо соиб

Ба абри раҳмати пешонӣ ҳаё бандаст