Ҳузури хотир агар дар намоз муътабараст

Умеди мо ба намоз накарда бештараст

Ба гармии ҷигари мо дил ки хоҳад сӯхт ?

Дарин бисот ки хуршеди оташини ҷигарам

Шарар ба оташу шабнам ба бӯстони баргашт

Ҳузури хотири ошиқ ҳануз дар сафараст

зи дору гири хазону баҳор осӯда аст

Чу сарв ҳар ки дарин рӯзгор бе самараст

Ҳубоби касб ҳаво мекунад з бе басарӣ

Дарин муҳӣт ки киштии Нӯҳ дар хатараст

Дамид субҳи қиёмат , расед рӯзи ҷазо

Ҳануз соиби мағрури масту бихбрст