Мгири ғифлати худ саҳл агар чаҳ як назараст

Ки тухми дӯзахи олами гудоз як шарараст

Миёни хирмани гули ғӯта чун тавонад зад ?

Ҳануз булбули мо дар ҳиҷоби болу параст

Ба қурби зоҳирӣ аз васл файз натавон барад

Баёзи чашми садаф аз надидан гуҳараст

Шукуфта бош ки дар ҳалқаи рзокишон

Ҷабини кушода чу афтод аз бало сипараст

Нафаси дарозии булбули далел бидрдӣ аст

Ки дар ҷигар шаканд нолае ки бо асараст

зи ҳарф сахт надоранд бок бе самарон

Ки сангро сари пайванд нахл борвараст

Марези хор ба роҳи ман эй сиёҳи дарун

Ки хӯн дар обилаи аҳли дарди ништрст

Фиғон ки ришта бепо ва сар наме донад

Ки обу рангу ҷўдши з партав гуҳараст

Агар чаҳ ишқ фитодааст ломакони парвоз

Хаёли соиби моро баландӣ дигараст