На анҷумаст ки зинат фурӯз на фалак аст
Ки бар саҳифаи афлок , нуқтаҳои шак аст
Тағофулӣ ки ба ҳол касе буд махсӯс
Ҳазор бор ба аз илтифот муштарак аст
Ҳарифи нола нае , дар гузари зи суҳбати ман
Ки моҷарои ману васл , оташ ва намак аст
Ба ҳуш бош насозӣ таоми худро шӯр
Ки шеъри ҳамчуи таом , истиора чун намак аст
Ҳамин хатаст ки ботили зи ҳақ ҷудо созад
Вагарнаи ҳасани зану мард , ҳар ду муштарак аст
Каломи хеш ба ҳар бихрд махон соиб
Сухани вазифа ҷонасту рӯзӣ малик аст