Ҷаҳон ба роҳи шиносони дидаи вар танг аст
Фазои бодия бар чашми роҳбар танг аст
зи офтоби ҷҳонтоб , шикваи ?ути биҷост
Туро ки косаи дарюза чун қамар танг аст
Ба ҷӯши мастии мо зарфи осмон чаҳ кунад ?
Ки ломакон ба равонҳои бихбр танг аст
Ба бӯсае дили мо шод кун дар охири ҳасан
Ки вақти мо ва ту эй нозанини писар танг аст
Сияҳи зи танагии ҷои гашти хӯни лолаи ман
Фазои даст бар ин оташини ҷигар танг аст
Ба осмон чаҳ гурезии зи ишқ безинҳор ?
Ки даст теғ дарозаст ва ин сипар танг аст
Ба вусъати назар аз ризқ сулҳ кун зинҳор
Ки соҳибони зару симро назар танг аст
Миёни бодия дар тангнои зиндонӣ
Туро ки доираи халқ дар сафар танг аст
Чаҳ суди қурби карямони хасиси табъонро ?
Ки сӯзан ар чаҳ зи исо буд , назар танг аст
Куҷо дар он дил сангин кунад сирояти оҳ ?
Ки риштаи пари гиреҳу кӯчаи гуҳар танг аст
Бурун меар сар аз кунҷи ошёни соиб
Ки риштаи кӯтаҳу майдони болу пар танг аст