Ҳамеша дидаи сӯзан азон ба дунбол аст

Ки қиблаи назараши риштаҳои омол аст

Ба хирмани дгарон ҳар ки май пурди чашмаш

Ҳазор рахнаи фузун дар дилаш чу ғарбол аст

Ғубори кӯча ишқаст кимиёии мурод

Хушо сиррӣ ки дарин раҳгузор помол аст

Ба зулматӣ ки з даврон расад гирифта мабош

Ки хандаи шаби идбор , субҳ иқбол аст

зи таъни бихрдони аҳл дил наяндешанд

Ки нақли маҷлиси девонаи санг атфол аст

Дилу забон чу яке шуд , сухан баланд шавад

Ба ҳеҷ ҷо нарасад тоирӣ ки як бол аст

Ҳавои олам озодагӣаст бар як ҳол

зи бргризи хазони сарви фориғ албол аст

Агар ба чашми басират назар кунӣ соиб

Чаҳ нешҳо ки ниҳон дар паранд иқбол аст