Чароғи хилвати ҷони равшаноӣ сухан аст

Баҳори зиндаи дилони ошноӣ сухан аст

Агар сухан ба дил аз гӯш пештар нарасад

Яқини шинос ки аз норасоӣ сухан аст

зи нуқтаи тухми муҳаббати фишонда дар дилҳо

зи нўхтон ки ба мардуми рибоӣ суханаст ?

Чу ғунчаи сар ба гиребони худ фурӯи бурдан

Гули сари сабади ошноӣ сухан аст

зи шоҳидони маъонии ҷудо шудан сахт аст

Дили ду ним қалам аз ҷудоӣ сухан аст

Макидан сари ангушти хома чун Тифлон

Гувоҳ бе касеу бенавоӣ сухан аст

зи хандааш ҷигари шер об ме гардад

Киро таҳаммули теғи озмоиӣ суханаст ?

Зулоли Хизр , гиреҳ дар сиёҳии зулмот

Чу хӯни мурдаи зи шарми равое сухан аст

Қалам ба теғи азин роҳи сар наме печад

Чаҳ лиззатаст ки дар ҷабҳаи сое сухан аст

Шикасти зулф сухан мешавад дуруст аз ман

Дили шикастаи ман мумиёе сухан аст

Гадоӣӣ ки ба он фахр ме тавон кардан

Миёни аҳли саховат , гадоӣ сухан аст

Гузашти умри маро чун қалами дарин савдо

Ҳамон муқаддамаи ошноӣ сухан аст

Агар Сикандар аз ойӣнаи сохт лавҳи мазор

Чароғи турбати ман равшаноӣ сухан аст

Куҷост шӯҳрати ман пой дар рикоби орад

Ҳануз аввали олами гушойӣ суханаст !

Маро чу маънии бегона муғтанам донед

Ки ошнои ман ошноӣ сухан аст

Гузоштӣ сари худ чун қалами дарин савдо

Дигар ки ҳамчуи ту соиби фидойӣ суханаст ?