Агар чаҳ болаши хуршеди такяи гоҳ ман аст

Шикастагии гулӣ аз гӯшаи кулоҳ ман аст

Аҷаб набошад агар шеъри ман буд якдаст

Ки ъмрҳости кафи дасти такяи гоҳ ман аст

зи шеърҳои терми гарми ин чунин магзар

Ки оби Хизри ниҳон дар шаби сиёҳ ман аст

Мабош мункири оби равони гуфторам

Ки сарви мисраи барҷастаи як гувоҳ ман аст

Ба чашм кам мангар дар дуот тираи дилам

Ки чиллаи хонаи Юсуфи даруни чоҳ ман аст

Гузаштаи фикри ман аз ломакон ба сад фарсанг

Баланди ҳимматии ман далели роҳ ман аст

Ғизоли маънии ман рутба дигар дорад

Буруни зи доираи чархи сайдгоҳ ман аст

зи нури ҷабҳаи хуршед метавон донист

Ки хонаи зоди дуот даруни сиёҳ ман аст

Чаро баланд нагардад ҳадиси ман соиб ?

Ки остонаи тавфиқи бӯсаи гоҳ ман аст