Рикоби азми ту дар дасти хоб сангин аст

Вагарнаи тавсани фурсат ҳамеша дар зин аст

зи хоби қатъ назар кун ки ишқи чобуки даст

Фалоханӣаст ки сангаши зи хоб сангин аст

Хазони зи ғунчаи тасвир рост ме гузарад

Ҳамеша ҷамъ буд хотирӣ ки ғамгин аст

Ҳузури ишқ буд беш даври гардон ро

Ки сайли восил дарё нагашта ширин аст

Дарин ду ҳафта ки меҳмони ин чаман шуда Эй

Ба ханда лаб магушо , рӯзгор гулчин аст

Ба гӯш , ханда Кебекаст нолаи ушшоқ

Туро ки пушт ба кӯҳи гарон тамкин аст

Ба ғайри ҳасрати оғӯши ман ҳадисӣ нест

Китоба Эйаст ки муносиб ба хона зин аст

Ҳар ончӣ май талабӣ аз кушодаи рӯйони хоҳ

Ки файз субҳ диҳад ҷабҳае ки бечин аст

Гул аз таронаи булбул фароғатӣ дорад

Алоҷи шикваи беҳудаи гӯш сангин аст

Нахуфт фитнаи он чашм аз дамӣдани хат

Фасона Эйаст ки хоби баҳор ширин аст

Гул ҳамеша баҳораст рӯй бе баррагон

Агар ду рӯзи гули эътибор рангин аст

Бигир ҷон ва бидиҳ бӯсае дар охири ҳасан

Ки ин матоъи дарин чанд рӯз ширин аст

Пиёла мезанад аз хӯни гарми худ дар хоб

зи бас ки дидаи парвизи маҳв ширин аст

Назар ба ҷӯш харидор нест Юсуф ро

Каломи соиби мо бениёз таҳсин аст