Кӯ май гармӣ ки дар ҷӯш оварад хӯни маро ?

Чун шафақ созад фалаки парвози гулгуни маро

Аз маҳак афзӯн шавад қадари зари комили айёр

Саркашӣ аз санг Тифлон нест маҷнӯни маро

Пухта шуд аз гӯшаи азлати шароби норасм

Хам бурун оварад аз хомии Флотўни маро

Маънӣ нозук набошад эмин аз айни алкмол

Нили чашм захм бошад лафз , мазмуни маро

Бегуноҳӣ мекашад аз қотили худ интиқом

Чун ҳино помол натавон сохтани хӯни маро

Сахт тар гардад гиреҳи ҳаргоҳи соиб тар шавад

Нест мумкин май кушояди ҷони маҳзуни маро