Дарин ҷаҳон ки саранҷоми хона пардозӣ аст
Иморатӣ ки ба ҷой худаст худсозӣ аст
Дили ту то раги хомии з орзӯ дорад
Чу анкабути турои кори ресмон бозӣ аст
Дарин муҳӣт ки ҷой нафас кашӣдан нест
Нафас кашӣдан мо чун ҳубоб сарбозӣ аст
Фиреби оинаи тӯтии зи сода лавҳӣ хӯрд
Вагарнаи таҳтаи таълим , сина пардозӣ аст
Дар он мақом ки пӯшидаи ҳол бояд буд
Дар остонаи нишастан буландпарвозӣ аст
Ба лафзи нозуки соиби маъонии рангин
Шароби лаълӣ дар шишаҳои широзӣ аст