Дар он мақом ки ҳайрати далел доноӣ аст

Нафаси шимурда задан низ бодпимоиӣ аст

Ҳузур , лозими ишқи худоӣ афтода аст

Буд ҳамеша парешони дилӣ ки ҳар ҷое аст

Ба хӯни хеш саранҷом медиҳад маҳзар

Сияҳи дилӣ ки чу тоўс дар худороӣ аст

зи хонаи сӯрати девор май ҷаҳди берун

Ба маҳфилӣ ки марои даъвӣ шикебе аст

Кадоми зоҳиру ботин мувофиқаст ба ҳам ?

Дилаши зи санг будгар сипеҳр миное аст

зи чоҳ рӯй ба бозор мекунад Юсуф

зи халқ рӯй нуҳуфтани талош расвоӣ аст

Дарун сина кунад сайр , бар маҷнӯн ро

зи биқрории ваҳшати дилӣ ки саҳройӣ аст

Фиғон ки мардуми кӯтаҳ назар наме донанд

Ки бастани назар аз айби халқ бенаӣ аст

Куҷои зи силии хат ҳӯшёр хоҳад шуд ?

Чунин ки чашми ту машғӯли бода паймое аст

зи хат ва зулф кунад ҳалқаҳои чашми эҷод

зи бас ки ориз ӯ ташна тамошое аст

Баҳори олам эҷод нест ғайри сухан

Ки сабзии пари тӯтии зи файз гуёе аст

Дарин ҷаҳон чу дӯзах агар биҳиштӣ ҳаст

Ки ме тавон нафасӣ рост кард , танҳоӣ аст

Ту аз гаронии худ май кашии тъби соиб

зи хор , боди сабои эмин аз сбкпоиӣ аст