Шавад зи доғи дили ошиқони хастаи дуруст
Ки офтоб кунад моҳро шикастаи дуруст
Мадори чашми тараҳҳуми зи чархи сангини дил
Ки ҳеҷ донаи азин Асия наҷуста дуруст
Агар зи ишқи дилат об шуд машав навмед
Ки аз гудоз шавад шишаи шикастаи дуруст
Мабош тунд ки нақши нигини зи ҳамворӣ
Дарин қаламрави пари шӯр ва шар нишаста дуруст
Сабуии бодаи зи баҳр ғам оварад берун
Дили шикастаи моро ба дасти бастаи дуруст
Шикаста бош ки карданд снгборонш
Ба ҷурми ин ки баромади зи пӯсти пистаи дуруст
Ҳазор кӯза диҳад чархи косагар сомон
Каз он миён набӯд ҳеҷ кӯзаи дастаи дуруст
Намондааст зи бас аз шикастагии асарӣ
Садо барояд аз косаи шикастаи дуруст
Марези ранги иқомати дарин работи ду дар
Ки вақти кӯч расида аст нонишаста дуруст
Мабош эмини азин чархи чанбарии соиб
Ки ҳеҷ гӯии зи чавгон ӯ наҷуста дуруст