зи изтироби дили он зулфи тобдори шикаст

зи хомкории ин миваи шохсори шикаст

Адаб гузин ки чу Мансур ҳар ки шухӣ кард

Адиби ишқи сарашро ба чӯби дори шикаст

Чу ғунча ҳар ки ба лухти ҷигар қаноат кард

Кулоҳ гӯша тавонад ба рӯзгори шикаст

Нафаси зи синаи ман захмдор ме ояд

Ки ашк дар ҷигарами теғи обдори шикаст

Сапанди оташам аз ҷӯши хӯни гул , ки мабод

Фитад ба байзаи булбули дарин баҳор , шикаст

Ба ашк ток бишуед захмҳои маро

Ки шиша бар сари ман хушкии хумори шикаст

Чунон зи шавкати ҳасани ту анҷуман шуд танг

Ки шамъро мижа дар чашми ашкбори шикаст

Дилами шикасти зи гирди малол , толеъи байн

Ки обгинаи зи сангинии ғубори шикаст

Ки дидааст зафар аз шикастагон бошад ?

Хазони чеҳраи ман ранги навбаҳори шикаст

зи изтироби дили эмин чисон шавам соиб ?

Ки шиша дар бағали ман ҳазор бори шикаст