зи бодаи ҳолати фарзона метавон донист

Ҳарифро ба ду паймона метавон донист

Фурӯғи ҳасани дарин анҷуман наме монад

зи биқрории парвона метавон донист

Хароби ҳолеи ман тарҷумони ишқ бас аст

Ки зӯри сайли зи вайрона метавон донист

Баланди ҳимматии соқёни майкада ро

зи тоқи абрӯии мардона метавон донист

Айёри чеҳра чун офтоби соқӣ ро

зи ҷӯши синаи майхона метавон донист

Ҳузур гӯша нишинон кунҷи азлат ро

з бастан дар кошона метавон донист

Забони шиква буд ҳосили барӯмандӣ

зи хӯша бастан ҳар дона метавон донист

Агар ту чашми туоне з ҳар ду олами баст

Раҳ бурун шуд азин хона метавон донист

зи бргризи пару боли шавқ май резад

Баҳори шӯриши девона метавон донист

Расидаанд зи пурсиш ба каъбаи роҳравон

Ба ҷустуҷӯи раҳи майхона метавон донист

Тамом шуд сухану ҳарфи зулф ӯ барҷост

Дарозии шаб аз афсона метавон донист

Қумоши ҳасани глўсўзи шамъро соиб

зи ҷонфишонии парвона метавон донист