зи чоки синаи худ ҳар ки қибла гоҳаш нест
Ба ҳеҷ ваҷҳ ба даргоҳи қурб роҳаш нест
зи оҳи сард буд бодбони киштии дил
Ба ҳеҷ ҷо нарасад ҳар дилӣ ки оҳаш нест
Ғарази зи вусъати майдони ломакон , шан аст
Вагарнаи ғайри дили танги ҷилва гоҳаш нест
Ҳузури хотири девонаи машрабон ваҳшӣ аст
Ману саросари даштӣ ки як гиёҳаш нест
зи инфеъоли расидам ба ин боргоҳи қабул
Хуши он гунаҳ ки ба ҷузи шарми узр хоҳиш нест
Ҳинои уқдаи гушойӣ ба нохунӣ баста аст
Ки ғайри синаи маҷрӯҳ дастгоҳаш нест
Ба рӯй бистари гул хоб мекунад мурғӣ
Ки шаб ба ғайри пару боли худ паноҳаш нест
Манам ки хона ба дӯши таваккулам варна
Кадоми қатра ки дар баҳр , хона хоҳиш нест ?
Агар чаҳ гул дгарӣ мезанад ба дастораш
Чаҳ фитнаҳост ки дар наргис сиёҳаш нест
з ҳар дилӣ ки сафар мекунад ғубори малол
Ба ғайри синаи соиб қароргоҳаш нест