Карам дар обу гули чархи танг майдон нест
Ба рӯзномаи хуршед , мад эҳсон нест
Навиштаанд ба хӯни ҷигари бароти маро
зи фикри неъмати алвони дилам парешон нест
Садаф ба коди ямини ризқ хеш ме гирад
Нами саховати зотӣ дар абр Нитсаон нест
Ба чашми диққат агар дар вуҷӯд сайр кунӣ
Аён шавад ки дили зарраи танг майдон нест
Ба ҳуш бош ки ҷони сухани з огоҳӣ аст
Сухан ки аз сари ғифлат буд дар ӯ ҷон нест
Хушаст банда ки ҳамхуй соҳибаш бошад
Касе ки халқ худоӣ надорад инсон нест
Дарин замона ки гурги ҳасад фаровон аст
Ҳисори офиятӣ ба зи чоҳ канъон нест
Навой фохтаи ман қиёмат ангезаст
Ҳазор ҳайф ки сарвии дарин гулистон нест
Хушаст қавл ки бо феъл ҳамзамон бошад
Ҳадиси ту ба магӯ чун дилат пушаймон нест
Нафаси дарозии биҷо чаҳ мекунӣ соиб ?
Чу гӯши нағмаи шиносии дарин гулистон нест