Сазои хоб буд дидае ки гирён нест
Нафасу бол буд бар дилӣ ки нолон нест
Чаҳ нисбатаст ба умри абади шаҳодатро ?
Ки оби теғ , гронҷон чу об ҳайвон нест
Шуд аз гирифтагии ақл , кор бар ман сахт
Сазои санг буд пистае ки хандон нест
Тамоми раҳмат ва лутфаст ишқи бандаи навоз
Чаҳ шуд ки оби мурувват ба чашм ихвон нест
зи дарду доғ муҳаббат магӯ ба мурдаи дилон
Танури сард , сазовор бастан нон нест
Ба як ду ҳафтаи зи миннат ҳилол шуд , маи бадар
Шикастани лаби нони сипеҳр осон нест
Адами зи қурби ҷавори вуҷӯд зиндон аст
Вагарна кист ки аз зиндагӣ пушаймон нест ?
Ҳаво ба давлати перии мусаххар ман шуд
Қади хамида кам аз хотам сулаймон нест
Халос кард марои шӯри ишқ аз олам
Барои доғ , ҳисорӣ ба аз намакдон нест
Хушам ба домани саҳрои бихўдии соиб
Ки нақши пои Ғаззолӣ дар он биёбон нест