Насими субҳдам аз буии ёр холӣ нест
зи буии гули нафаси навбаҳор холӣ нест
Якеаст дар назари пок , тўтёу ғубор
Ки ҳеҷ гардӣ азон шаҳсавор холӣ нест
Даруни хона бе сақфи равшанӣ фарш аст
зи моҳ , дидаи шаби зиндаи дор холӣ нест
Ҳалок оина равшананд тозаи рухон
зи сарву беди лаби ҷӯйбор холӣ нест
Ғаму нишоти ҷаҳон ҷӯш мезанад бо ҳам
Ки чашми масти зи хобу хумор холӣ нест
Сабки мгири зи ҷои ҳеҷ устихонӣ ро
Ки чун садафи з дар шоҳвор холӣ нест
Фитодааст турои риштаи назари кӯтоҳ
Вагарна аз гул бехор , хор холӣ нест
Марои зи ҷавҳар ойӣна шуд чунин равшан
Ки ҳеҷ синае аз хори хор холӣ нест
Дар абри тираи шикарханди барқ пинҳон аст
зи субҳи васли шаби интизор холӣ нест
Магари ту чашм бапушӣ азин хароби обод
Вагарнаи олами хок аз ғубор холӣ нест
Ту аз фасонаи ғифлат ба хоби харгӯшӣ
Вагарнаи домани дашт аз шикор холӣ нест
Сипеҳр агар ба ман покбози бохти дағо
Қимор низ зи роҳи қимор холӣ нест
Агар чаҳ аз хати шбрнг бесафо шуда аст
Ҳануз субҳи биногваши ёр холӣ нест
зи доғи ишқи саропои ман гулистон аст
зи лаъл агар ҷигари кӯҳсор холӣ нест
Дарин диёр касегар ба дод ман нарасед
зи қадрдони сухан , рӯзгор холӣ нест
Манам ки сӯхтаи соиби марои ситораи бахт
Вагарнаи синаи санг аз шарор холӣ нест