Ситораи сӯхтаи ишқро паноҳӣ нест

Дар офтоби қиёмат гурезгоҳӣ нест

Ба доғи куҳнау нав , рӯз ва шаб шавад маълум

Ба олимӣ ки манам офтоб ва моҳӣ нест

Дили рамидаи ман ваҳшӣ биёбоне аст

Ки ҷузи забони маломат дар ӯ гиёҳӣ нест

Агар чаҳ оҳ надоранд дар ҷигари ушшоқ

Нигоҳи ҳасрати ин қавм кам з оҳӣ нест

Фиғон ки дар назари эътибори лолаи рухон

Шикастаи рангии ошиқ ба барг коҳӣ нест

Шукуфта бош ки қасри вуҷӯди инсон ро

Ба аз кушодагии ҷабҳа пешгоҳӣ нест

Чигуна бол фишонам ба каҳкашони соиб ?

Маро ки қӯти парвози барг коҳӣ нест