Ба ин нишот ки дили сар ба теғ ёр гузошт

Кадоми ташнаи лаби худ ба ҷӯйбор гузошт ?

Ҷавоби хӯни ҳалоли маро чаҳ хоҳад гуфт ?

Ситамгарӣ ки турои даст дар нигор гузошт

Ба як ду бӯса каз он сангдил талаб кардам

Ҳуқуқи хизмати сад сола барканор гузошт ?

Чунон фирефтаи ҳасани ин чаман шуда ам

Ки даст рад натавонам ба ҳеҷ хор гузошт

зи аҷз , қудрати кораши тамоми сӯрати баст

Мусаввирӣ ки шабиҳи ту нимкор гузошт

Куҷо ба сояи бол ҳумо кунад иқбол ?

Касе ки домани давлат ба ихтиёр гузошт

Надошт арсаи майдони биқрории ман

Ки кӯҳи сабри марои ишқ барқарор гузошт

Фсони тезии рафтори гашти санги раҳаш

Сбкрўӣ ки марои дасти зер бор гузошт

зи сахти рӯе душман намешавад мағлуб

Муборизӣ ки ба душмани раҳ фирор гузошт

Гирифт равзани хуршедро ба дӯди чароғ

Сияҳи дилӣ ки турои хол бар изор гузошт

Ба ҷилвае ки дарин баҳр кард абри баҳор

Ҳазор донаи гавҳар ба ёдгор гузошт

Вафо ба ваъда нокарда мекунад соиб

Ҳамон ки дидаи моро дар интизор гузошт