з ман мапурс ки чун бар ту моҳу соли гузашт

Ки рӯзи ман ба шитоби шаби висоли гузашт

Дарин риёзи ман он андалеби дилгирам

Ки навбаҳору хазонам ба зери боли гузашт

Гирифт домани ман чун гулоб , гиряи талх

Чу гул ба ҳафтаи умрӣ ки бе малоли гузашт

Кунун ки гашти замини гири ҳайрат , оғӯшам

Азин чаҳ суд ки бар хоками он ниҳоли гузашт ?

Чароғи куштаи ман дар гирифт бор дигар

зи бас ки ёри зи хокам ба инфеъоли гузашт

Агар чаҳ Хизр буд соқӣ ва май оби ҳаёт

наме тавон зи лаби хушк чун суфоли гузашт

Макун ба хӯрдани хашму ғазаби маломати ман

наме тавонам азин луқмаи ҳалоли гузашт

Тамоми ҳайрати дидору оҳи афсӯсам

Агар чаҳ зиндагӣами ҷумла дар висоли гузашт

Ба кӯча қалам афтод то раҳами соиб

Ба печу тоби марои умр ҳамчу на?ил гузашт