Нест бар хотири ғуборӣ аз парешонеи маро

Ҷома фатҳаст чун шамшери урёнии маро

Гарчи аз оташи забонии шамъи ин на маҳфилам

Нест ризқии ҷузи сарангушти пушаймонии маро

Чун гуҳари гирди ятемии сарнавишти ман шуда аст

Нест мумкин шустан ин сандали зи пешонии маро

Фориғ аз омад шуд нақши бад ва наякум , ки сохт

Хонаи дарбаста , чун ойӣна , ҳайронии маро

Зиндагӣ гардид аз қади ду то по дар рикоб

Барад аз олами буруни ин асби чавгонии маро

То сарафрозам ба доғ бандагӣ кардааст ишқ

Ҳаст дар зери нигини малики сулаймонии маро

Дар дабистон таъаммул кардаам равшани савод

Абҷад атфол бошад хати пешонии маро

Нест эҳсони банда кардани мардуми озод ро

Донаи чинии хўштрст аз донаи афшонии маро

Чун садаф бар ҳам наме печади марои захми забон

Зери теғ тез бошад гўҳроФшонии маро

Наъл ворунаст оҳ ва гиря ёқӯбем

Варна Юсуф дар дил тангаст зиндонии маро

Панҷаи хунини тӯҳмати ҷилва гул ме кунад

Дар гиребони ҳаё аз покдомонии маро

Аз харобиҳои зоҳири шикваи соиб чун кунам ?

Мағриби ганҷ гуҳар гирданд вайронии маро