Ғурури ҳасан ба хат аз димоғ ёр нарафт

зи трктози хазони зини чаман баҳор нарафт

Агар чаҳ кард қиёмати насими навмидӣ

Умеди ман зи сари роҳ интизор нарафт

зи хӯни фохтаи девор бӯстон ғалатед

зи ҷои хештани он сарв пойдор нарафт

зи трктози хазони бохт ранг ҳастӣ ро

Гулӣ ки дар қадами бод навбаҳор нарафт

Хушаст васл ки бе пардаи ҷилва гар гардад

Ба буии перҳан аз чашми мо ғубор нарафт

зи хокмол аҷал дод ҷон ба сад хорӣ

Ба зери теғи ту ҳар кас ба ихтиёр нарафт

Фиреби ҷилва соҳил махӯр чаҳ нўсФрон

Ки ҳеҷ киштии азин баҳр бар канор нарафт

Кадоми шохи гули оами пиёда дар бустон ?

Ки охир аз дами сарди хазон савор нарафт

Расидае ба лаби гӯр , каҷрави бигзор

Нагашта рост , ба сӯрохи ҳеҷ мор нарафт

Агар чаҳ бод хазон рафт поки гулшан ро

зи ошиёнаи мо буи навбаҳор нарафт

Ба як ду ҳафтаи гул аз шох эътибор афтод

Хушо касе ки ба дунбол эътибор нарафт

Ба фикрҳои парешони гузашти айёмаш

Касе ки ҳамчуи ту соиб ба фикр ёр нарафт