Хат сар заду тағофул ӯ ҳамчунон баҷост

Гул кӯч карду гӯши кар боғбон баҷост

Эмин машав зи хасмии теғи забон ки шамъ

Дар бутаи гудоз буд то забон баҷост

Кӯи синае ки доғи азизон надидааст ?

Инак ҳазор лолаи дарин бӯстон баҷост

Ойӣнаи хонаи дили мо беғубор нест

Чандон ки серумаи вории азин хокдон баҷост

Аҳд шабоб рафт ва ҳамон маст ғифлатем

Шуд навбаҳору заҳмати хоб гарон баҷост

Ҷонро бибин кадом ба талхӣ супурдаанд ?

Аз тӯтӣони шукр , зи ҳумо устихон баҷост

Каҷи баҳс , ростии зи табиати буруни барад

Паҳлуи тиҳии намӯдани тир аз камон баҷост

Соиби забони калаки сухани офарини мост

Имрӯзи шуълае ки дарин дудмон баҷост