Шуд муддатӣ ки хишти сари хами китоби мост
Мавҷи шароб , сурхии сарҳои боби мост
Мурғобӣему олам обаст ҷони мо
Дар маҷлисӣ ки бода набошад сароби мост
Аз баси китоб дар гарав бода карда ем
Имрӯзи хишти майкадаҳо аз китоби мост
Худро ба талху шӯр баровардаем мо
Дар об агар буд раги талхӣ , гулоби мост
Ҳаргизи кабоби мо намакӣ бар ҷигар надошт
Доими зи бахти шӯр , намак дар шароби мост
Дар зери пои сарв , шкрхўоб ме занем
Чандон ки шиша бар сари болини хоби мост
Бо он ки ғайр бод надорем дар гиреҳ
Лаби ташнаи теғи мавҷ ба хӯни ҳубоби мост
Не мекунад ба нохуни душмани шикасти мо
Оташ кабоб карда мурғи кабоби мост
Дар дафтари муомилаи мо хилоф нест
Он рӯзи иди мост ки рӯзи ҳисоби мост
Аз печу тоби зулфи мгўӣиди пеши мо
Мӯии миён , гудохтаи печу тоби мост
Як нуқта интихоб накардааст ҳеҷ кас
Холи баёзи гардан ӯ интихоби мост
Ҳар мисраӣ ки гӯша абрӯ кунад баланд
Афсар ба фарқаш аз рақами интихоби мост
Чун хасм музтариб нашавад аз саволи мо ?
Дармондаи кӯҳи тавр ба фикри ҷавоби мост
Соиб бар остон қаноат нишаста ем
Гардуни ғуломи ҳиммати олии ҷаноби мост