Боди баҳори силсилаи ҷунбон суҳбат аст

Мавҷи шароби доми призод ъушрат аст

Ҳар шохи гул ки хам шавад аз боди навбаҳор

Бе чашми захм , сайқали занг кудурат аст

Ҳар наргисӣ ба ҳоли зи пои аўФтодгон

Аз рӯй лутф , гӯшаи чашм мурувват аст

Ҳар барги лолае лаб лаълӣаст хўнчкон

Ҳар шабнамии ситораи субҳ саодат аст

Аз ҷӯши лола ҳар раги сангӣ ба кӯҳсор

Пари хӯн чу набзи ҷавҳари теғ шаҳодат аст

Чун ғунча дар баҳор , гиребони айш ро

Аз кафи мада ки гӯшаи домон фурсат аст

Аз ҳар канори нағмаи сароёни бӯстон

Фарёд мекунанд ки суҳбат ғанимат аст

Дар раҳгузори сарсари ғам , бар чароғи ишқ

Ҳар барги токи сояи даст ҳимоят аст

Таклифи тавба ҳар ки дар айём гул кунад

Хунаш ба хоки рез ки аз аҳл бидъат аст

Дар мавсимӣ ки май зи ҳаво ме тавон расонад

Соиб чаҳ вақти хилвату ҳангом азлат аст