Он холи лаби ситораи субҳ қиёмат аст

Умри дубораи сояи он сарв қомат аст

Онҷо ки офтоб ҳаводис шавад баланд

Дар абр май гурез ки ҳсн саломат аст

Бар қадар меҳнатаст агар пилаи савоб

Моро савоби каъбаи зи санг маломат аст

Моро умеди коми дил аз зулф ёр нест

Гар медиҳад ба мо дили моро , каромат аст

Ин тухми тавбае ки ту дар хок карда Эй

Мавқуфи обёрии ашк надомат аст

Ҳар шохи гул ки ҷилваи дарин боғ ме кунад

Аз хоки баргирифтаи он срўқомт аст

Хокат ба сар , ки чӯби Асо дар раҳи талаб

Як гоми пештари зи ту дар истиқомат аст

Соиби ҷавоби он ғазаласт ин ки гуфта анд

Мусҳафи сифеди гашт , нишон қиёмат аст