Тозааст доим аз сияҳии доғи андалеб
Дар гулшанӣ ки зоғу заған бениҳоят аст
Машумор саҳли рахнаи гуфтори хеш ро
Кин рахна дар харобии тан бениҳоят аст
Дасти зи кори рафтаи з баргаст бештар
Дар кишварӣ ки себи зқн бениҳоят аст
Дар ғурбатаст чашми ҳасудон ба зери хок
Ин чоҳ дар замини ватан бениҳоят аст
Аз мустамеъ гушӯда шавад чашмаи сухан
Ҳар ҷои сухан кашаст , сухан бениҳоят аст
Дандон ба дили фишор ки бар хон рӯзгор
Ин луқмаҳои дасту даҳан бениҳоят аст
Ҷои ду мағз дар таҳи як пӯст беш нест
Дар тангнои чархи ду тан бениҳоят аст
Соиби суханпазир дарин рӯзгор нест
Варна маро ба синаи сухан бениҳоят аст
Зон ғунчаи лаби шикояти ман бениҳоят аст
Тангаст вақт , варна сухан бениҳоят аст
Дар синаи кушодаи ман дарду доғи ишқ
Чун нофа дар замини хутан бениҳоят аст
Парҳез дар замони хат аз ёр мушкил аст
Дар навбаҳор , тавбаи шикан бениҳоят аст
Моҳ тамом мекунад эҷоди ҳола ро
То шамъ равшанаст лаган бениҳоят аст
Чун мива дар ту то раги хомӣ ба ҷой ҳаст
Гардани макаш , ки дору расан бениҳоят аст