Сарчашмаи нишоти дил пок гавҳараст

То дил шукуфтааст , сухани тоза ва тараст

Ҷузи ҳарфи талхи ишқ каз ӯ тозааст ҷон

Дил мегазад агар ҳама қанд мукаррараст

Маҷнӯни покбоз буд фориғ аз ҳисоб

Девонаро чаҳ кор девон маҳшараст ?

Ҳақӣ ки ҳаст духтари рузро ба микшон

Дар пеши ҳақи шинос ба аз шер модараст

Тахтаст дил чу аз ғам айём шуд сабк

Сар чун гарон шавад з май лаъл , афсараст

Моҳи тамом , гоҳ шавад бадару гуҳи ҳилол

Даврӣ ки барқарор буд давр соғараст

Бошад ба хӯни ғам май гулранги ташна тар

Шоҳин агар чаҳ ташна ба хӯн кабӯтараст

Ҳар чанд мекунад май гулранги кори хеш

Аз дасти соқёни гули андоми хўштрст

Дар баҳр бикнор нагирад қарори мавҷ

Ҳар ноз ӯ муқаддама ноз дигараст

Зон теғи алҳзр ки зи печу хами миён

Дар чашми мӯшикоф , саропоӣ ҷавҳараст

Зини сайдҳо ки ҳаст дарин турфаи сайдгоҳ

Дар пои хами шикори бт май нкўтрст

Соиби куҷои зи дарга соҳибқирон равад ?

Давлати дарин сароу гушоиши дарин дуруст