Пеш касе ки дард ба дармон баробараст

Ҳар хандае ба захм намоён баробараст

Зинҳори чоки синаи худро руфӯ макун

Кин рахнаи қафас ба гулистон баробараст

Даврии зи халқ киштӣ наваҳйаст бе хатар

Касрат ба чормўҷаҳ тӯфон баробараст

Ин обрӯ ки сохтае аз тамаъи сиблат

Ҳар қатрааш ба чашма ҳайвон баробараст

Дар дида касе ки сияҳ рӯзгор шуд

Субҳи ватан ба шом ғарибон баробараст

Дасти навозиши фалак аз рӯй дӯстӣ

Бо силии адоват ихвон баробараст

Ҳоҷат ба давр бош набошад бахил ро

Пешонии гирифта ба дарбон баробараст

Чун мӯр нест сояи ман бор бар замин

Ин манзалат ба тахт сулаймон баробараст

Боқӣ насозад он ки ба осори номи хеш

Дар зиндагӣу марг ба ҳайвон баробараст

Ҷамъиятӣ ки тафриқа хотир оварад

Дар чашми ман ба хоб парешон баробараст

Аз мизбони такаллуф бисёр дар сулӯк

Бо ҷуръати фузулӣ меҳмон баробараст

Аз дахли рӯи мтоб ки ангушти эътироз

Дар софии калом ба савҳон баробараст ?

Васлӣ ки пои шарму ҳаё дар миён буд

Мазмун ӯ машав ки ба ҳиҷрон баробараст

Ҳар синае ки ҳаст дар ӯ хорхори ишқ

Соиб ба сад ҳазор гулистон баробараст