Арши баланди мартабаи бунён одам аст

Хуршеди ақл , шамсаи айвон одам аст

Одам чаҳ ҷавҳарӣаст , ки ганҷинаи сипеҳр

Бо сад ҳазор чашми нигаҳбон одам аст

Лаълӣ ки хӯн кунад ба ҷигари офтоб ро

Дар мушти хок бесару сомон одам аст

Ҳиммати баланди дор ки на хотами сипеҳр

Фармонпазир дасти сулаймон одам аст

Дар базми қудсёни хабарии зин чароғ нест

Сӯзу гудоз , шамъи шабистон одам аст

Аз печу тоби дард , маликро насиб нест

Ин тоб дар каманди раги ҷон одам аст

Даҳ ояи ҳавос ки маншур қудрат аст

Нозили з рӯй мартаба дар шаън одам аст

Аз қадар , пой бар сар гардун гузошта аст

Дар хок агар чаҳ гӯшаи домон одам аст

Бар ҳар гули замин , гул абрӣ гумошта аст

Рӯй шукуфта тоза кун ҷон одам аст

То даст мерасад ба майу мутриб ва нигор

Андешаи биҳишти зи куфрон одам аст

Аз далви офтоб рабӯдааст ихтиёр

Ин Юсуфӣ ки дар чаҳ канъон одам аст

Одам нае , азон зи фалак шиква ме кунӣ

Варна фалаки мусаххари фармон одам аст

Соиби ҷавоби он ғазал Сайидаст ин

Комрўз одамаст ки шайтон одам аст