Дар зери теғи ёр ки сарҳо дар ӯ гум аст

Дорем ҳайратӣ ки назарҳо дар ӯ гум аст

Зини оби зери коҳ , ки чархасту каҳкашон

Эмин машав ки мавҷи хатарҳо дар ӯ гум аст

Ҳастӣаст шукрӣ ки азу чеҳр ме чакад

Заҳрӣаст нестӣ ки шукрҳо дар ӯ гум аст

Оби гуҳар ба васфи гуҳари трзбон бас аст

Лоф аз ҳунар мазан ки ҳунарҳо дар ӯ гум аст

Дорам зиёди зулфи биногваши зеб ӯ

Шоми хушӣ ки файзи саҳарҳо дар ӯ гум аст

Мижгони тоби хӯрдаи ашки офарини мост

Имрӯзи риштае ки гуҳарҳо дар ӯ гум аст

Пешонии кушодаи сахтии кашон буд

Ҳамворе ки кӯҳ ва камарҳо дар ӯ гум аст

Додааст файзи ишқ ба мо пошкстгон

Аз хеш рафтанӣ ки сафарҳо дар ӯ гум аст

Муҳаррам нае ту , варна ба ҳар мӯӣ дода анд

Печидаи номае ки хабарҳо дар ӯ гум аст

Дасти зи кори рафтаи арбоб ҳайрат аст

Барги фитодае ки самарҳо дар ӯ гум аст

Соиб ки ёд мекунад аз ашки талхи мо ?

Дар қулзумӣ ки оби гуҳарҳо дар ӯ гум аст