Нақш ҳасир нест ки бар пайкар ман аст

Шаҳбози авҷи фақрам ва ин шҳпр ман аст

Ин бодаи расида ки дар соғар ман аст

Ҳури ману биҳишти ману кавсар ман аст

То сар бар остона ҳиммат гузоштам

Хиштӣаст офтоб ки зери сар ман аст

Субҳи қиёматӣ ки ҷаҳон дар ҳисоб азуаст

Як оҳи сард аз дили ғампарвар ман аст

Хӯн мехӯрд зи танагии майдони рӯзгор

Ин оби биқрор ки дар гавҳар ман аст

Дар водӣӣ ки сайли баради кӯҳро зи ҷой

Пой ба хоби рафтаи ман лангар ман аст

Дар банд рӯзгор набошад ҷунуни ман

Занҷири ман чу теғи ҳамон ҷавҳар ман аст

Чун шамъи устихони маро об ме кунад

Ин оташӣ ки дар таҳи хокистар ман аст

Аз хорхори ишқ ба хӯни ғӯта май занам

Аз барги гул чу шабнам агар бистар ман аст

Ҳар чанд бастаам ба замини сояи вори нақш

Парвози офтоб ба болу пар ман аст

Доғӣ ки ҳаст зери сиёҳии кушода рӯй

Имрӯз дар бисоти фалаки ахтар ман аст

Аз бргризи ҳодисаи соиб мусаллам аст

Ин гулшанӣ ки дар таҳи болу пар ман аст