Ин кӯҳи ғам ки дар дили девона ман аст
Санги маломати абҷади тифлона ман аст
Ҷӯши гул аз таронаи мастона ман аст
Ҳар ҷо сиррӣаст гарми зи паймона ман аст
Пайваста ҳаст дар дили ман гиря эй гиреҳ
Сайлоб , пои шикастаи вайрона ман аст
Ҷузи хонаи камон дар дигар чаро занам ?
Пайкони тир , оби ману дона ман аст
Бошад зи захми теғи забони фатҳи боби ман
Ҳар рахнае зи дил дар майхона ман аст
Наилм буд дар оташи дигар , вагарнаи шамъ
Як мисра аз сафинаи парвона ман аст
Чун бути параст , рӯй дили ман ба санг нест
Байтулҳаром халқи снмхонаҳ ман аст
Дар дили зи тавбаи занги малолӣ ки монда аст
Мавқуфи як ду гиряи мастона ман аст
Аз доғ нест бар дили ман занги кулуфтӣ
Ин ҷғд , холи чеҳраи вайрона ман аст
Кунҷии гирифта , аз қафасу доми фориғам
Болу пари шикастаи прихонаҳ ман аст
Ноқавси ман буд зи дили чоки чоки худ
Ранги шикастаи сандали бтхонаҳ ман аст
Глгл шукуфта мешавам аз санги кӯдакон
Боғу баҳори ман дили девона ман аст
То тарки ошнои олам гирифта ам
Олами тамоми маънии бегона ман аст
Чун гавҳар аз муҳӣт ба як қатраи қонеъам
Дар дил шавад чу гиряи гиреҳ , дона ман аст
Давр ва дароз шуд сафари ман зи ҳарфи пуч
Хобидаи роҳи ишқи зи афсона ман аст
Доғи ман аз табассуми гул тоза ме шавад
Рӯй шукуфтаи барқи сияҳи хона ман аст
Машқи ҷунуни ман ба ниҳоят куҷо расад ?
Дашти ҷунуни қаламрави девона ман аст
Дар зери чарх , дил чаҳ пару бол во кунад ?
Танги ин садаф ба гавҳари икдонаҳ ман аст
намегардад аз сиёҳии чашми ғизол беш
Ин ваҳшатӣ ки дар дили девона ман аст
Даштӣ ки тай кунад нафаси барқу бод ро
Майдони неи савории тифлона ман аст
Соиби раҳе ки қатъ нагардад ба умрҳо
Як гоми пеши ҳиммати мардона ман аст