Он кас ки тоҷро ба Фаридун гузошта аст

Савдои ишқ дар сар маҷнӯн гузошта аст

Баҳри хароб кардан рӯй замин бас аст

Чашми ту гардишӣ ки ба гардун гузошта аст

Шуд солҳоу оташ азу мечакад ҳануз

Дастӣ ки лола бар дил маҷнӯн гузошта аст

Маҷнӯни гузашт ва аз ҷигари лола ҳо нарафт

Доғӣ ки ёдгор ба ҳомӯн гузошта аст

Васфи даҳони танги ту офоқро гирифт

Дар нуқтае ки ин ҳама мазмун гузошта аст

Дорад зи бахти сабзи дили Хизрро кабоб

Хаттӣ ки лаб бар он лаб мегаван гузошта аст

Дар дили хаёли чашми ту дар хоб рафта аст

Оҳӯи сиррӣ ба доман маҷнӯн гузошта аст

Соиб чу нек дар нигарӣ ҳаст ҳикматӣ

Пери Муғон ки хам ба Флотўн гузошта аст