Нест пурвои фанои худ дили ворастаа ро
Теғи Хизр роҳ бошад даст аз ҷони шаста ро
Дар диёри ишқи касро дил наме сӯзад ба кас
Аз таб гармаст ӣнҷои шамъи болини хаста ро
Оҳи авроқи диламро ҳар яке ҷое фиканд
Ришта шуд миқроз азносозӣ ин гулдаста ро
Айши дунё бетароват мекунад рухсор ро
Пӯст бар тан хушк шуд аз ҳарзаи хндии писта ро
Синаҳоро хомшии ганҷина гавҳар кунад
Ёд дорам аз садафи ин нуктаи сари баста ро
То мааш дар ҳола хат рафт , шуд по дар рикоб
Боис овораге гардад камари гулдаста ро
Дар диёри мо ки дорад ишқи пинҳонии ривоҷ
Сикка қалбаст рухсор ба нохуни хаста ро
Даъвии оҳистагӣ эй мӯри пеш мо макун
Нақши по ҳаргиз набошад мардуми оҳиста ро
Дар ҳарим дил надорад роҳ , фикри дурбин
Ҳеҷ кас нагушӯдааст ин номаи сари баста ро
Бар варақ натавон ба занҷири мидодаш банд кард
Шҳпр барқаст бар тани мисраи барҷаста ро
Риштаи ашк маро бингар , ндидстӣ агар
Дар гиреҳ аз пой то сар , ришта нагусаста ро
эй сабои мушти сапандӣ бар сар оташ бирез
Гар бипурсад ёри ҳоли соиби длҷстаҳ ро