Бар гулшани ончӣ зон гули худру гузашта аст

Бар захмҳои тоза кӣ аз бӯ гузаштааст ?

Имрӯзи ҳеҷ фохта куку наме занад

Гуё ба боғи он қади дилҷӯ гузашта аст

Авқоти ман ба ашки надомат шудааст сарф

Чун сарв , умри ман ба лаби ҷӯ гузашта аст

Сад пардаи шӯхтар буд аз чашми холи ту

Ин нофа дар давидан аз оҳӯ гузашта аст

Зулмӣ ки бар ту рафт зи кӯтоҳи дидагон

Бар моҳи Миср кӣ зи тарозу гузаштааст ?

Аз сардии замонаи ниҳоли умеди мо

Монанди нахли муми зи неру гузашта аст

Аз мо суроғи манзили осӯдагии мҷу

Чун бод , умри мо ба такопу гузашта аст

Соиб гузаштааст зи афлоки оҳи ман

Ҳар гоҳ дар дили он қади дилҷӯ гузашта аст