Ширини табассумӣ ки марои роҳ дайн зада аст
Аз мум , меҳр бар даҳан ангабин зада аст
Хоҳад ба хӯни шикасти хумори шабона ро
Мастӣ ки шишаи дили мо бар замин зада аст
Дигар чаҳ гуфтаанд ки он ёри длнўоз
Аз зулф боз карда гиреҳ , бар ҷабин задааст ?
Ғофили з Нақшбанд кунад аҳли ҳуш ро
Нақшӣ ки бар рухи ту хат анбарин зада аст
Ҷон медиҳад чу шамъ барои ним субҳ
Ҳар каси тамоми шаби нафас оташин зада аст
Корӣаст кори ишқ ки аз шавқ диданаш
Ширини мукаррари оинаро бар замин зада аст
Равшан кунад ба чеҳраи ду сад шамъи кушта ро
Шухӣ ки бар чароғи дилам остин зада аст
Нақши умеди содаи дилони бештар шуда аст
Ҳар чанд ғӯта дар сияҳии он нигин зада аст
Соиб намондааст дили сода дар ҷаҳон
Аз бас ки хомаам рақам дилнишин зада аст