Дил аз ҳарими сина ба мижгон расида аст

Киштӣ ба чори муваҷҷаҳи тӯфон расида аст

Аз дили мҷуи қарор дар он зулфи тобдор

Девонаам ба силсилаи ҷунбон расида аст

То ҳамчуи хати лабӣ ба ӯ рисонда ам

Сад бори бештар ба лабами ҷон расида аст

Афтодаи шӯ ки аз пару боли фитодагӣ

Шабнам ба офтоби дурахшон расида аст

Ҷузи моҳи нотамом , ки аз хон офтоб

Дар зери осмон ба лаби нон расидааст ?

Тавқи гулӯии ман шудаи халхоли соқи арш

Қамарӣ агар ба сарви хиромон расида аст

Аҳволи захму ханҷари сероб ӯ мапурс

Лаби ташнае ба чашмаи ҳайвон расида аст

Чун шонаи таҳтаи алиф захм гашта ам

То дасти ман ба турраи ҷонон расида аст

Зон оташини изор ки хуршед доғ ӯст

Таҳи ҷуръае ба лолаи изорон расида аст

Шуд бутаи гудоз , тамомии ҳилол ро

Раҳмаст бар сиррӣ ки ба сомон расида аст

Ларзад ба худ зи қимати нозили зи санг беш

То гавҳарам ба пилаи мизон расида аст

Ҳар чанд бастаам ба занҷири пои ман

Шӯри ҷунуни ман ба биёбон расида аст

Соиби ҳамон зи ғайрати худ дркшокшм

Ҳар чанд тешаам ба раги кон расида аст