Ончунон каз рафтани гул хор мемонад ба ҷо
Аз ҷавонии ҳасрат бисёр мемонад ба ҷо
Оҳи афсӯсу сиришки гарму доғ ҳасрат аст
Ончӣ аз умри сабк рафтор мемонад ба ҷо
Нест ғайр аз риштаи тӯли амл чун анкабут
Ончӣ аз мо бар дар ва девор мемонад ба ҷо
Комҷўиии ғайр нокомӣ надорад ҳосилӣ
Дар кафи гули чини зи гулшан хор мемонад ба ҷо
Рангу буии орияти по дар рикоб риҳлат аст
Хори хорӣ дар дил аз гулзор мемонад ба ҷо
Ҷисми хокии монеъи умри сабк рафтор нест
Пеши ин сайлоб кӣ девор мемонад ба ҷо ?
Ғофиласт он каз ҳаёт рафта меҷӯяд асар
Нақши по кӣ зон сабк рафтор мемонад ба ҷо ?
Ҳеҷ кор аз саъии мо чун кӯҳкан сӯрат набаст
Вақти он каси хуш , каз ӯ осор мемонад ба ҷо
Занги афсӯсӣ ба дасти хоҷаи ҳангоми раҳил
Аз шумори дарҳам ва динор мемонад ба ҷо
Нест аз кирдори мо беҳосилонро баҳра Эй
Чун қалам аз мо ҳамин гуфтор мемонад ба ҷо
Золимонро муҳлат аз мазлӯм , чарх афзӯн диҳад
Бештар аз мӯри ӣнҷо мор мемонад ба ҷо
Синаи нософ дар майхона натавон ёфтан
Нест ҳар ҷои сайқалӣ , зангор мемонад ба ҷо
намекашад ҳарф аз лаби соғар май пари зӯри ишқ
Дар дили ошиқи куҷо асрор мемонад ба ҷо ?
Айши ширинро буд дар чошнии сад чашми шӯр
Барг , соиб ! бештар аз бор мемонад ба ҷо