То чанд бишинавам зи расӯлони паёми дӯст
Гуҳи дил ба нома шод кунам , гуҳ ба номи дӯст
Орифи зи ҷом меҳр хамӯшӣ наёфта аст
Кайфиятӣ ки ёфт дилам аз каломи дӯст
Раҳмаст бар касе ки зи кӯтоҳи дидагӣ
Дар ҷустуҷӯӣ моҳ барояд ба боми дӯст
Душман ба биқрории ман раҳм ме кунад
Дар хотирам убӯр кунад чун хироми дӯст
Гар меРом аз хумори зи дил хӯн наме хӯрам
Ман кистам ки бодагусорам зи ҷоми дӯст ?
Ҳар чанд ноқис аст шавад кор ӯ тамом
Афтод чашм ҳар ки ба моҳи тамоми дӯст
Дар базми мо ба бодау ҷом эҳтиёҷ нест
Моро басаст мастии зикри мудоми дӯст
Аз доғи ғурбаташи ҷигари санг хӯн шавад
Ошуфтаи хотирӣ ки надонад мақоми дӯст
Хӯн мехӯрд зи соғари оби ҳаёт , Хизр
Хуштар зи лутфи хос буд лутфи оми дӯст
Нокомӣаст қисмати худком , зинҳор
Бар ком худ мабош ки бошӣ ба коми дӯст
Соиби фузуни зи бода лаъласт ншأаҳ аш
Хӯнӣ ки мехӯрам зи рухи лаъли фоми дӯст